кафо

 

БОБИ IV. ХИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОХИБКОРИ

Моддаи 22. Химояи хукук ва манфиатхои конунии субъекти фаъолияти сохибкори

Давлат фаъолияти озоди иктисоди, сохибкори, баробархукуки ва хифзи хукукии хамаи шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат медихад.

Давлат набояд монеаи фаъолияти субъекти сохибкори шавад.

Шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии давлатхои хоричи, инчунин шахсони бешахрванд чун шахрвандон ва шахсони хукукии Чумхурии Точикистон, гайр аз холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, хукуку масъулияти баробар доранд.

Хукук ва манфиатхои конунии сохибкор бо роххои зерин химоя карда мешаванд:

- имконияти озодона анчом додани хамаи намудхои фаъолияти сохибкори тибки тартиби муайяншуда ба гайр аз намудхои фаъолияте, ки дар асоси ичозатнома (литсензия) анчом дода мешаванд;

- тартиби соддакардашудаи бакайдгирии субъекти сохибкори;

- бо санадхои меъёрию хукуки махдуд кардани санчиши фаъолияти сохибкори, ки аз тарафи макомоти давлати ба амал бароварда мешаванд;

- шикоят кардан ба суд аз болои амал ё беамалии мансабдорони макомоти давлати, ки хукук ва манфиатхои конунии субъекти фаъолияти сохибкориро халалдор мекунанд;

- танхо бо санадхои меъёрию хукуки мукаррар кардани номгуи корхое (хизматрасонихое, молхое), ки барои сохибкори манъ ё махдуд шудаанд;

- бо дигар воситахое, ки санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Макомоти ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои сохибкори дорои хукуки дар макомоти суди, макомоти хокимияти ичроия ва макомоти дигари давлати химоя кардани манфиату хукукхои субъекти сохибкори мебошад.

Макомоти ваколатдор дар бораи хукуквайронкунихое, ки нисбати субъекти фаъолияти сохибкори рох дода мешаванд, дар бораи тамоюли рушди сохибкори саривакт ба макомоти дахлдор маълумот медихад, тачрибаи фаъолияти сохторхои сохибкориро чамъбаст мекунад.

Макомоти мазкур аз тарафи макомоти нозир дар китоби cанчишхо дуруст кайд намудани санчишхои субъекти сохибкориро назорат мекунад. Хангоми зарурат дар назди макомоти дахлдор масъалаи ба чавобгари кашидани шахсони гунахкорро мегузорад.

Ба гайр аз масъалахои дар Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда, дахолат ба корхои дохилии субъекти фаъолияти сохибкори манъ мебошад.

Моддаи 23. Дастгирии давлатии фаъолияти сохибкори

Дастгирии давлатии хама намуди фаъолияти сохибкори дар Чумхурии Точикистон аз тарафи давлат дар шахси макомоти ваколатдор тибки салохияти онхо ва макомоти хокимияти ичроия дар махал, дар халли масъалахои иттилооти, ташкили-хукуки, молиявию карздихи, моддию техникии сохибкори, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, ба амал бароварда мешавад.

Дастгирии давлатии сохибкори дар самтхои зерин амали мегардад:

- такмили базаи меъёрию хукуки ва конунгузори барои инкишофи сохибкори дар Чумхурии Точикистон;

- фарохам овардани шартхои имтиёзноке, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон лозим мешуморад;

- ташкил кардани шароити мусоиди андозбанди, гумруки ва сармоягузори;

- баркарор намудани тартиби соддакардашудаи андозбанди, бакайдгирии сохибкори, ичозатномадихи ва ё патент ба фаъолияти онхо, сертификатсиякунонии махсулоти истехсол ва ё воридкардаи онхо ва пешниходи хисоботи оморию мухосиби;

- додани китъаи замин ва амволи давлати бо шарту тартиби соддакардашуда;

- дастгирии фаъолияти берунии иктисодии сохибкори инчунин мусоидат ба пешрафти алокаи тичорати, илми-техники, истехсоли ва иттилоотии онхо бо давлатхои хоричи;

- мусоидат ба ташкили фондхои дастгирии фаъолияти сохибкори.

Моддаи 24. Барномахои давлатии дастгирии фаъолияти сохибкори

Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол хангоми тахияи лоихаи бучети давлати дар он хачми маблаггузорихои бучетиро, ки барои амалигардонии барномахои давлатии дастгирии сохибкори чудо карда мешаванд, алохида пешбини мекунад.

Макомоти ваколатдори давлати ва макомоти хокимияти ичроия дар махал, мутобики хачми маблаггузорихои бучетии чудокардашуда, чорахои аник ва барномахои максадноки дастгирии сохибкориро тахия мекунанд.

Барномахои давлатии дастгирии фаъолияти сохибкори бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон тахия мешаванд ва онхо бояд ба радифи барномахои давлати бо назардошти хамаи самтхои фаъолияти сохибкори ва мусоидат ба шугли ахоли, татбики сиёсати мухочират, халли проблемахои экологи, инчунин бархамдихии окибатхои вазъиятхои фавкулодда дохил шаванд.

Моддаи 25. Сугуртаи давлатии субъекти сохибкори

Сугуртаи давлатии фаъолият ва амволи субъекти фаъолияти сохибкори тибки тартиби мукаррнамудаи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 26. Дастгирии давлатии субъекти фаъолияти сохибкори дар сохаи иттилооти

Макомоти ваколатдори давлати ва идорахое, ки барои ташаккул ва истифодаи манбаъхои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба субъекти фаъолияти сохибкори фавран ва пурра пешниход намудани иттилоотй иктисоди, хукуки, омори, истехсолию техники ва дигар иттилоотхо дар асоси шартнома амал мекунанд.

Барои надодани иттилооти дастраси умум аз манбаъхои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 27. Дастгирии фаъолияти иктисодии хоричии субъекти фаъолияти сохибкори

Макомоти давлати ва ташкилотхои чамъияти бо максади дастгирии сохибкори чорахоро барои васеъ намудани иштироки хама шаклхои сохибкори дар муомилоти содиротию воридоти, намоишу ярмаркахои байналхалки, татбики барномахо ва лоихахои фаъолияти иктисодии хоричи ба амал мебароранд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                 Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№46

 

 

 кафо

Внимание! Включен режим предварительного просмотра сайта (при выгрузке в Интернет этой надписи не будет).


счетчики